26 Aug 2021   ||  

Лоиҳаи «Истифодаи самараноки захираҳо дар истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» (REAP), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар доираи барномаи SWITCH Asia маблағгузорӣ мешавад, рӯзи сешанбе, 27 июли 2021, аввалин муколамаи ҷонибҳои манфиатдор дар мавзӯи «Татбиқи тадбирҳои истеҳсолӣ ва истеъмоли устувор (ИИУ) дар Корхонахои Микро, Хурд ва Миёна», ҳамчун яке аз чорабиниҳои иловагӣ дар доираи «Конфронси тағирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ 2021» дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ иштирокчиёни асосии бахши тиҷорати микро, хурд ва миёна оид ба истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла: ассотсиатсияҳои саноатӣ, намояндагони кластерҳои саноатӣ, ширкатҳои калони хӯрокворӣ, муассисаҳои дахлдори давлатӣ ва хусусӣ, инчунин худи КМХМ иштирок намудаанд. Ин чорабинӣ формати гибридӣ дошт, яъне иштирокчиён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути видеоконфронс (Zoom) ҳамроҳ шуданд.

Дар қисми аввали чорабинӣ дар мавзуи “Чӣ тавр лоиҳа метавонад ба КМХМ дар истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар татбиқи чораҳои ҳифзи захираҳо бо методологияи “Истеҳсолӣ ва Истеъмоли Устувор (ИИУ)” кӯмак кунад” сухан рафта, илова бар ин нуктаи “Чӣ гуна лоиҳа бо ҷонибҳои васеи манфиатдор кор хоҳад кард ва таҳкими экосистемаи КМХМ барои мутобиқсозии технологияҳои ИИУ” низ дида баромада шуд. Хонум Валерия Орлова, намояндаи CAREC (Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Ташкилоти роҳбарикунандаи лоиҳа), муфассал оиди фаъолиятҳое, ки дар доираи лоиҳа барои КМХМ ба нақша гирифта шудаанд ба иштирокчиёни экосистема муаррифӣ намуда ва инчунин натиҷаҳои асосӣ ба даст овардашударо қайд намуданд. Ҷаноби Стефан Мелнитский ва ҷаноби Маркус Мёллер, намояндагони AREC (Ассотсиатсия оид ба мусоидат ба коркарди дубора ва ҳифзи муҳити зист дар Австрия), дар бораи дастгирии корхонаҳои микро, хурд ва миёна маълумоти бештар пешниҳод намуда, манфиатҳои таъсири лоиҳаро тавассути намунаҳои гуногуни ҳифзи захираҳо нишон доданд. Ҷаноби Амар Муннолимат, намояндаи adelphi Germany (Аделфи Олмон), оиди маблағгузории технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки дар доираи фаъолияти лоиҳа таваҷҷӯҳи махсус ба онҳо зоҳир карда мешавад, маълумот доданд. Инчунини дигар маълумот оиди дастрасӣ ба дастгирии молиявӣ барои КМХМ низ дода шуда буд. Ҷаноб Олег Рижиченко, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон ва хонум Аминова Насибахон, директори ичроиявии Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҶТ, ба таври мухтасар сиёсати экосистемаи ИИУ -ро дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон муаррифӣ намуда, баъзе тавсияҳоро барои беҳтар намудани сиёсати экосистема пешниҳод карданд.

01 02 03 04

Инчунин дар ин чорабини Ҷаноби Ҷаҳонгир Бобоев, Директори ҶДММ “Ситабр Агро”, ки яке аз баҳрабарандагони лоиҳаи REAP мебошад, таҷрибаи худро бо лоиҳа чунин зикр карда буд: “Мо дар бастабандии ҷуворимакка мушкилоти зиёд доштем. Камбудии ночизи  мавҷудбуда дар бастабандӣ ҳама маҳсулоти истеҳсолнамударо корношоям менамуд. Ҷуворимакка хосиятҳои худро гум мекард ва мо онро 18 моҳ нигоҳ дошта натавонистем, ки ин боиси мушкилот бо муштариён гашт. Одамон аз харидани маҳсулоти мо даст кашиданд, аммо вақте ки мо хатогиҳои худро фаҳмидем ва онҳоро якҷоя бо мушовирони техникии лоиҳаи REAP ислоҳ кардем, ки ин ба то 7% кам намудани харочоти мо расонд. Чунин фоизи ками харочот он кадар хам ба назар наметобад, лекин барои ширкати мо ин як бартарии бузург буд. Зеро мо на танҳо арзиши бастабандиро кам кардем, балки эътимоди муштариён ва бозорро нигоҳ доштем”.

Гурӯҳи лоиҳа фикру мулоҳизаҳоро дар бораи ҷаласаи аввали ин чорабинӣ тавассути платформаи интерактивии ментимиметр оид ба фикру мулоҳизахо ҷамъ оварданд. Ин усул ба иштирокчиён хеле хам писанд омад. Фикру мулоҳизаҳои хеле қаноатбахш аз тарафи иштирокчиён оид ба ташкили чорабинӣ гирифта шуданд.

Муҳокимаҳои мизи мудаввар

Кисми дуюми чорабинӣ – мизи мудаввар барои фаҳмидани мушкилот ва имкониятҳои ҷорӣ дар пешбурди татбиқи ИИУ  дар КМХМ равона гардида буд. Он аз тақсими иштирокчиён ба ду гурӯҳ – яъне бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ барои муҳокимаи амиқ оид ба мушкилот ва имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи тадбирҳои ИИУ оғоз ёфт. Ҳар як дастаи мизи мудаввар тавонист натиҷаҳоро пешниҳод кунад, ки ҳангоми таҳия ва татбиқи фаъолиятҳои лоиҳа ба назар гирифта мешаванд.

Дар натиҷаи чорабинӣ имконияти муайян намудани мушкилотхои асосии бахши хусусӣ, ки дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мекунанд, пайдо шуд: мунтазам қатъ намудани барқ асосан дар  фасли сармо, сифати ашёи хом, аз кор рафтани кадрҳо дар корхонаҳо ва ғайрахо. Бо вуҷуди ин, имкониятҳои умедбахш низ пайдо шуданд: сарфаи молиявӣ, партовҳои даромаднок ва ғайра.

Дар рафти ҷаласаи аввал иштирокчиён бо лоиҳа ва амалияҳои ИИУ шинос шуданд. Барои баъзеҳо лоиҳаи  REAP нав буд. Аз ҷаласаи дуввум сар карда, ҳама дар муҳокимаи гуруҳӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар натиҷа ҳарду гуруҳ фикру мулоҳизаҳои худро байён намуданд. Тавре ки Нигина Раҷабова, коршиноси сиёсати миллии аграрии котиботи ислоҳоти аграрӣ қайд намуданд: “Дар соли 2015, ба имзо расидани  Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, мо аллакай барои худ меъёрҳо гузоштем, ки барои чӣ кӯшиш кунем. Албатта, мо хеле хушнуд будем, ки ин лоиҳа таҳия  карда шуда буд. Дар ҳақиқат, лоиҳа  бисёр масъалаҳои муҳимро инъикос мекунад, ки имрӯз онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба миён гузошта ҳал кунад. Ҳамаи он чизе, ки  ба кишоварзӣ алоқаманд мебошад,  ба мо имкон медиҳад, ки ба мушкилот васеътар назар карда, қадамҳои аввалини ҷорӣ намудани таҷрибаи ИИУ-ро дар кишварамон оғоз намоем”.

06  07

Тавсияҳои ҷонибҳои манфиатдор

Баъзе аз натиҷаҳои асосӣ / тавсияҳо аз мубоҳисаҳои гуруҳӣ инҳоянд:

  •     Татбиқи барномаҳои таълимӣ – фанҳои дар соҳаи ИИУ дар донишгоҳҳо ё муассисаҳои таълимӣ (кишоварзӣ, технологӣ ва ғайра);
  •     Таҳияи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ИИУ дар сатҳи давлатӣ;
  •     Ташкили порталҳои иттилоотӣ оид ба маводҳои иттилоотии марбут ба ИИУ, имконоти маблағгузорӣ, хизматрасониҳо ва таҷрибаи пешқадам ва ғайра;
  •     Таҳияи барномаҳо ё ташаббусҳои давлатӣ оид ба амалияи ИИУ;
  •     Таъсиси механизми ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва байнисоҳавӣ;
  •     Баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи таҷрибаҳои ИИУ дар бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ;
  •     Омӯзиши мутахассисон (омодасозии кадрҳо) оид ба ҷорӣ намудани ИИУ аз бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ;
  •     Кӯмак ба корхонаҳои хурду миёна дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявӣ.
22 Apr 2021   ||  

С 21 по 30 апреля 2021 года в Ташкенте проходит первый цикл образовательных и практических мероприятий для специалистов и консультантов, в рамках реализации проекта "Ресурсоэффективность в производстве и переработке сельскохозяйственных продуктов" (REAP).

05 Feb 2021   ||  

3 и 4 декабря 2020 года, в конференц-зале филиала Таджикского Технологического Университета города Исфара состоялся тренинг для четырнадцати представителей частного сектора, специалистов организации службы поддержки бизнеса и представителей Технологического университета.

Общей целью тренинга было ознакомление заинтересованных специалистов пищевой промышленности Таджикистана с рядом инструментов для производственных предприятий, которые были разработаны для эффективных разрешений проблем и могут оптимизировать производственные процессы ММСП во время пандемии COVID-19.

02 Feb 2021   ||  

28 января 2021 года, в конференц-зале Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан состоялся тренинг для двадцати пяти специалистов министерства и представителей частного сектора, в рамках Рабочего плана по реализации проекта "Ресурсоэффективность в производстве и переработке сельскохозяйственных продуктов" (REAP).

Основная задача тренинга была направлена на осведомление участников об эффективных инструментах для эко-инклюзивных предприятий, которые были разработаны для поддержки ММСП в решение некоторых, из наиболее распространенных проблем, связанных с операционными расходами и денежным циклом, вызванных пандемией COVID-19.

08 Jan 2021   ||  

Производители и переработчики сельхозпродукции Таджикистана и Узбекистана в рамках единого межстранового проекта будут работать над сокращением потребления природных ресурсов с выгодой для производства. Об этом говорилось на первой национальной консультативной встрече партнеров проекта «Ресурсоэффективность в сельскохозяйственном производстве и переработке (REAP)», состоявшейся в Душанбе 15 декабря 2020 года.

07 Dec 2020   ||  

Проект REAP, финансируемый программой Европейского Союза SWITCH ASIA II, при со-финансировании партнерских организаций организовывает Национальную консультативную встречу с участием представителей Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан, как ключевого министерства, а также представителей иных заинтересованных министерств и ведомств страны, финансовых институтов, частного сектора, консалтинговых организаций и представителей проекта. Мероприятие состоится 15 декабря 2020 года, в отеле Хилтон Душанбе, с одновременным подключением в режиме он-лайн для международных партнеров.

27 Oct 2020   ||  

Уважаемый поставщик,
вам предлагается подать ценовое предложение (предложения) на поставку измерительного оборудования согласно приложению (на русском и английском языках).

European Union

The European Union is made up of 27 Member States who have decided to gradually link together their know-how, resources and destinies. Together, during a period of enlargement of 60 years, they have built a zone of stability, democracy and sustainable development whilst maintaining cultural diversity, tolerance and individual freedoms. The European Union is committed to sharing its achievements and its values with countries and peoples beyond its borders.

To this end the EU is active in Tajikistan since 1992 and provides approximately EUR 35 million annually in development assistance.


SWITCH-ASIA II Programme

Rapid economic growth in Asia and Central Asia has lifted many countries out of poverty. This has come at a cost of increased use of natural resources, growing GHG emissions and amounts of waste. Sustainability today is no longer simply about increasing efficiencies or complying with regulations. It is about making fundamental changes in the way business is done and the way the world consumes. Results can only be achieved rethinking our business models and supply chains and designing new consumption patterns.

Sustainable Consumption and Production (SCP) aims at improving the overall environmental performance of products throughout their life cycle, stimulates demand for better products and production technologies and helps consumers make informed choices. The European Union is committed to tackle these global challenges together with its partners in Asia and Central Asia. Launched in 2007, its SWITCH-Asia programme has achieved more than a decade of progress on SCP in 24 countries in the region.

JoomShaper