18 Дек 2017   ||  

Соҳибкории инфиродӣ - маҳаки асосии рушди ҷомеа

Суханронии иқтисодшинос, олими барҷастаи тоҷик Олим Бобоев дар мизи мудаввар оиди мавзўи “Таҳлили вазъи андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда ва кафолати ҳифзи иҷтимоии онҳо”, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Институти “Ҷамъияти Кушрда” Бунёди Мадад-Тоҷикистон баргузор гардид.

“Натиҷаи таҳлили низоми андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд, нишон додааст, ки дар ин самт монеъаҳои зиёде вуҷуд доранд, аз ҷумла дар ҷодаи қонунгузорӣ, ки ба рушди низоми фаъолияти соҳобкорӣ мусоидат намекунанд. Гурӯҳи корӣ пас аз таҳлили низоми андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ва таҳияи ҳисобот оид ба “Моҳияти иҷтимоии ташкили ҷойҳои корӣ” Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйирот ба “Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 ва асосноккунии онро омода намудааст.

Бояд гуфт, ки маводҳои Таҳлили низоми андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ва Ҳисоботи гурӯҳи кори оид ба “Моҳияти иҷтимоии ташкили ҷойҳои корӣ” ҷиҳати додани хулоса ба Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

“Хулоса ба Таҳлили низоми андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ва Ҳисоботи гурӯҳи корӣ оид ба “Моҳияти иҷтимоии ташкили ҷойҳои корӣ”

Соҳибкорӣ, аз он ҷумла соҳибкории инфиродӣ, дар аксари кишварҳои дунё маҳаки асосии рушди ҷомеа буда, ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), шуғли аҳолӣ ва ташаккули буҷет арзанда аст. Бинобар ин, таҳлили низоми андозбандӣ ва вобаста ба шароити иқтисодӣ такмил додани меъёрҳои он, аз ҷумла барои соҳибкорони инфиродӣ, яке аз вазифаҳои сохторҳои пешбарандаи сисёсати андозӣ мебошад, зеро гаронии андозҳо метавонад боиси таназзули соҳибкорӣ ва таъсири манфии он ба рушди иқтисодиёту ташаккули буҷет гардад.

Ба тартиб овардани низоми андозбандӣ, содда кардани ҳисобу тартиби пардохти андозҳо яке аз роҳи таъмини рушди соҳибкорӣ буда, барои аз байн бурдани асосҳои коррупсионӣ низ мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, таҳлили гузаронидашуда муҳиму саривақтӣ буда, камбудию норасоиҳои низоми мавҷудаи андозбандии соҳибкорони инфиродиро ошкор менамояд. Қабули тавсияҳо оид ба ҳавасмандгардонии андозсупорӣ, зиёд кардани номгӯи намудҳои соҳибкории тибқи патент фаъолияткунанда, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корию афзун намудани буҷет саҳми арзандаест дар пешрафти ҷомеа.

Тавсияҳо оид ба пурра кардани номгӯи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳунармандони бо патент фаъолияткунанда, зарурати гуногунии маблағи патент барои ҳунарҳои фарқкунанда, иҷозат додани фаъолияти соҳибкории оилавӣ дар асоси патент ё озод намудани онҳо аз андоз, баланд бардоштани нақши мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар рушди соҳибкорӣ ҷолиб мебошанд. Хусусан, фаъолияти соҳибкории оилавӣ дар деҳот ва дастгирии он аз ҷониби мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ метавонад боиси ҷойҳои зиёди корӣ гардад.

Тавсияҳои Гурӯҳи корӣ оид ба “Моҳияти иҷтимоии ташкили ҷойҳои корӣ” оид ба рушди соҳибкории хурду миёна низ ҷолиби диққатанд. Масалан, мусоидат ба рушди соҳибкории худкорӣ (самозанятости) аз ҷониби мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ метавонад шумораи соҳибкоронро зиёд намояд. Барои мисол, дар ноҳияи Вяземски вилояти Хабаровски Федератсияи Россия кормандони ҳукумати маҳаллӣ хона ба хона гашта ба мардум шароиту имкониятҳои рушди соҳибкорӣ ва дастгирии он аз ҷониби давлатро ташвиқ карданд. Дар натиҷа, ҳиссаи одамони ба ин бахш машғулбуда то 30 фоиз афзуд, ки нишондиҳандаи хеле баланд аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳанда 18 фоизро ташкил медиҳад.

boboev2

Илова ба ин, низоми дастгирии соҳибкориро роҳандозӣ бояд кард. Дар амал намудҳои зиёди дастгирии соҳибкорӣ, ба монанди бақайдгирии интернетии соҳибкорони инфиродӣ, ташкили низоми электронии гирифтани иҷозатнома, пешниҳоди ҳисоботҳои андозӣ дар шакли электронӣ, пӯшонидани қисми фоизи қарзҳои ба соҳибкорон додашуда, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ба соҳибкорони аз рӯи фармоиши давлатӣ фаъолияткунанда, субсидия барои пӯшонидани қисми харҷи лизингӣ, паст намудани меъёри андозҳо, соддагардонии тартиботи содироти мол, суғуртаи хавфи талаф шудани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, додани маблағ барои ҳар сар чорвои дар хоҷагӣ парваришёфтаистода, таъмини иштироки соҳибкорон дар тендерҳои давлатӣ, додани фармоишҳои давлатӣ ба онҳо, иҷораи биноҳои давлатӣ ба онҳо бо шартҳои имтиёзнок, мусоидат ба рушди иноватсионии фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии иттилоотии онҳо, дастгирии лоиҳаҳои пешниҳодкардаи соҳибкорон, ташаккул ва дастгирии соҳибкорони ҷавон, додани имтиёзҳо дар истифодаи инфрасохтори давлатӣ, субсидияи хароҷотҳо барои иштирок дар намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва ғайра истифода мешаванд.

Албатта ҳамаи ин имтиёзҳо наметавонанд якбора татбиқ карда шаванд, вале вобаста ба имкониятҳои буҷет қисме аз онҳоро тадбиқ намудан зарур аст.

Бояд қайд намуд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна имтиёзҳои зиёд ба соҳибкорон дода мешавад.

Шароити мусоиди соҳибкорӣ дар кишварҳои ҳамсоя, аз он ҷумла меъёрҳои пасти андозӣ ва имтиёзҳо метавонад боиси ба онҳо кӯчидани сармояи соҳибкорони тоҷикистонӣ, ташкили корхонаю ҷойҳои корӣ дар онҳо ва мутаносибан кам шудани субъектҳои соҳибкорю ҷоёҳои корӣ дар Тоҷикистон гардад. Азбаски ҳиссаи зиёди буҷети давлатӣ аз ҳисоби субъектҳои соҳибкорӣ ташаккул меёбад, таъсири манфии ин раванд ба буҷет ва сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар низ хеле зиёд хоҳад буд.

Хулоса, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вусъати рақобат барои бозорҳои ҷаҳонӣ, вазъи ногувори иқтисодии кишварҳои шарики иқтисодии Тоҷикистон ва таъсири манфии ин равандҳо ба иқтисодиёти миллӣ, таъмини иҷрои нишондиҳанадаҳои Стратегияи миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамӯҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва барномаҳои соҳавӣ такмили низоми андозбандӣ ва мутобиқкунонии он ба шароити нави хоҷагидорӣ ба мақсад мувофиқ аст.”

Прочитано 721 раз

Контакты

НАМСБ РТ

734003, Таджикистан, г.Душанбе

пр. Рудаки 137, здание Союз "Точикматлубот" 6 этаж

Тел.: +992 (44) 625-00-08; +992 (48) 701-33-32

Email: info@namsb.tj; info_namsb@mail.ru

/namsb.tj

... Все контакты



Создание данного сайта финансировалось
Европейским Союзом.

"Содержание данного сайта является предметом ответственности НАМ и СБ и ни в коей мере не может рассматриваться как отражающее позицию
Европейского Союза".

JoomShaper